БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба сокинон писанд омад

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали тасдиқнамудаи вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хизматрасон»-и “Бонки Эсхата” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия  хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ масъулин оид ба  хизматрасонии фаъолияти бонкӣ, фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл ва тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа баромад карданд.

Инчунин,  дар ин раванд масъулин доир ба  моҳияти озмунҳои ҳизбӣ  ва Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ҳарф зада,  аз онҳо  даъват ба амал оварданд, ки он маблағҳое, ки  дар  ҷашну маросимҳои  азодорӣ  харҷ мекунанд, беҳтар мешуд барои  обод кардани роҳу пули маҳали зист, таъмири  бунгоҳҳои тиббӣ,  сохтмони иншоотҳои  маишиву хизматрасонӣ, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа, маъюбону бепарасторон  сарф намоянд.

Дар охир роҳандозии Аксияи номбурда  ба кормандони  соҳаи бонкдорӣ писанд омада,  онҳо иброз доштанд, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  минбаъд низ саҳм хоҳанд гузошт.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg