БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар чорабиниҳои фарҳангию – сиёсии ҷавонон фаъол буданд

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  «Зебониссо»-и деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Ватан чорабинӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти  робита бо маҳал, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, соллҳои 2018-2028”  суханронӣ намуд.

Сипас, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №32,61 дар васфи Истиқлолият, Ватан-Модар ва Пешвои миллат, шеръҳо қироат намуда, хотири иштирокдоронро шод ва ба ҳусни чорабинӣ ранги дигар зам намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан карда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандони чирадаст баҳои хуб доданд ва инчунин, барои  боз ҳам  ривоҷу равнақ додани  ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзонидани он ба ҷавонон тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg