![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/DSC09919%20%28%D0%BA%D0%BE%D0%BF%D0%B8%D1%8F%29.jpg?itok=XayNI5ei)
А.ҶОМӢ. Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд ва роҳбарони мақомотҳои қудратӣ бо ҷалби вакилони маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳалла, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, алалхусус ҷавонон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Нахуст Ҳалимов Муҳаммаддовуд дар баробари шарҳу тавзеҳ ва татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба мустаҳкам намудани робита бо муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият менамоянд, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ба амнияти кишвар ва аҳолии он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона ва оқибатҳои манфии он ба ҳуввияту асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, ба роҳ мондани мубориза бар зидди нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун вабои аср, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон дар самти паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маълумотҳои судманд доданд.