БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон муҳаррики бузург ва қувваи пешбарандаи ҷомеа

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омори вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок  ва суханронӣ намуданд. Сараввал  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада,  дар назди ҷамъомадагон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирии шаҳрвандон аз ташкилотҳои экстремистиву террористӣ суханронӣ намуд. Инчунин, мавсуф дар идома вобаста ба вазъияти сиёсии кишвар ва  амали ваҳшиёнае, ки  рӯзи 29 -уми июли соли равон ба он ҳодисаҳои террористии дар кишварҳои Аврупо барпошуда шабеҳ мебошад,  ёдоварӣ намуда,  афзуд, ки  пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди ҳурофотпарастӣ бо такя ба нерӯи созандаи шумо андешидани чораҳо баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  вобастагӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд, ки ин баҳои асосӣ ба ҷавонон аст. Аз ин рӯ мо бояд ба рушди сиëсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватанпарастонаи онҳо кӯшиш ба харҷ диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg