БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият шараф ва номуси миллат аст

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Равонпизишкӣ» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ҳибзӣ М.Қамаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин қайд кард, ки барои ба даст овардани Истиқлолияти комил, мардуми шарафманди тоҷик чандин марҳилаҳои сахту сангинро паси сар намуд, чандин олимону бузургон ва шермардони худро аз даст дод, то ки ба ояндагон як давлати соҳибистиқлоли ободро ба мерос гузорад. Аз ин рӯ моро мебояд, арзишҳои миллиро аз арзишҳои шахсӣ боло гузошта, барои таҳким бахшидан ба ғояҳои миллии давлатдорӣ саҳми арзанда гузорем.

Зимнан, аз ҷониби М.Қамаров гуфта шуд, ки дар ҷомеаи кунунии ҷаҳони имрӯза, раванди “ҷанги сард” бисёр тезу тунд ҷараён дорад, ки бисёре аз давлатҳои ҷаҳон ба он  гирифторанд. Ин мушкилӣ моро водор мекунад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ дар Ватани маҳбубамон ҳамаҷониба кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg