БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ  ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии   «Марказӣ»-и  ҷамоати шаҳраки  Вахш  бо сокинони маҳалла доир ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ,   моҳияти қонунҳои миллӣ  ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.  

Дар  рафти чорабинӣ  мутахассиси шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Негматов Азизулло оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ  бахшидани сатҳи  некӯаҳволии  мардум  суханронӣ  намуда,  иброз дошт, ки  сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррификунандаи таъриху фарҳанг,  табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Зимни мулоқот  мудири  шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  Ҷалилов Исмоил  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои  “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал”,  “Беҳтарин муаррификунандаи  мавзеъҳои сайёҳӣ” андешаронӣ карда,  ҷамъомадагонро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg