Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар нимаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи Тошрободи ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Сияҳаков Рӯзимат чорабинии намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ намуд.
Дар баробари ин дар маҳал бо иштироки сокинони фаъол Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зарурӣ сохтани нуқтаҳои хизматрасонӣ (сартарошхона, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмиру сохтмони роҳ) баррасӣ карда шуданд.