![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/28783750_161508057901781_7168825232447153948_n.jpg?itok=4mCJ0tlX)
АНДЕША. Таҷрибаи башари собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат бе ба даст овардани ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану сарзамини худ номумкин мебошад. Миллати тоҷик аз қадимулайём таҳти шиканҷаи бегонагон борҳо қарор гирифта буд. Лекин фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан тавонист, ки худро ҳамчун миллати соҳибватан то имрӯз нигоҳ дорад.
Донистану омўхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрўзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад.
Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рўзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро ба савганди хурдааш дар назди халқу миллаташ исбот ва собит намуд.
Тоҷикистонро имрӯз мамолики дунё чун давлати воҳиду ягона, мардумашро соҳибватан, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд.
Дар тули садсолаҳои зиёди таърихии пурфоҷеаи тоҷикон, аввалин бор таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Ватан ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт. Бо гузашти наздики се даҳсола аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти он рӯзҳо аз забони шоҳидони зинда фош шуда истодаанд. Масалан, эътирофоте, ки Айёмиддин Сатторов дар филми мустанади “Бозгашт аз чаханнам” кард, ҳеч далеле барои рад кардан надорад, зеро ӯ аз ҷумлаи бунёдгузорони асосии ҲНИ аст ва аз тамоми гардишҳои фаъолияти он огоҳӣ дорад. Аммо ӯ ба фарқ аз онҳое, ки ҳоло аз ҳар ҷо омада, худро “соҳиб”-и ҲНИ эълон кардаанд, воқеияти амалу рафтору кирдори худу сарпарасташонро ошкоро зикр кард. Қабл аз ин Қиёмиддини Ғозӣ ҳамин гуна фошгӯиҳо дошт. Раванди пуштибониҳои ТЭТ ҲНИ дар кишварҳои ғарбӣ, маблағузории чорабиниҳои таблиғотӣ ва иттилоотии ин ташкилоти террористӣ баёнгари рӯшоди ин ҳақиқатанд, ки Эрон дар масъалаи муносиботаш бо Тоҷикистон ором нишастанӣ нест. Ва то ҳол бовар карданӣ ҳам нест, ки ин ташкилоти террористӣ ва роҳбарони шармандааш дигар “мурда”-и сиёсие беш нестанд.
Шурӯъ аз узвият дар созмонҳои маъруфи ҷаҳониву минтақавӣ, ба монанди СММ, САҲА, СҲШ, СААД, ИДМ то ба роҳандозии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, кишвари мо мавқеъи худро мустаҳкам кардааст. Кабирӣ ва ташкилоти террористии ӯ ҳеҷ вақт наметавонанд асбобе барои тарс додан ё фишор овардан бошад. Дар замони муосир мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда, шукронаи сулҳу оромӣ, тинҷию осудагӣ ва чунин сарвари оқилу доно ва раиятпарвар мекунанд.
Музаффар Шомаҳмадзода- мудири шуъбаи таблиғот, Иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ