БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

20 Апрел 2021

ПИРӮЗИИ ВАКИЛОНИ МО

ВИЛОЯТ. Тавре ки аз АМИТ “Ховар” иттилоъ гирифтем, имрӯз, 19.04.2021 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи комиссия баргузор шуд ва дар он масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ҚАДАМ БА ҚАДАМ БА СӮИ КОМЁБӢ ВА Ё БА СӮИ РАСВОӢ?

ВОКУНИШ. Бо дарназардошти он, ки як гурӯҳи  муҳоҷирони камсаводу ноогоҳ ва гапдаро  дар  назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ба хотири раҳоии як гумонбар бо исми Иззат Амон  ҷамъ омаданду хостанд  тазоҳуроти (митинг) ғайриқонунӣ  ташкил кунанд,  садои   гурӯҳҳои ифротиро баланд намуд.

ҲЕҶ ГОҲ ВАТАНИ АЗИЗИ ХЕШРО БА ДАСТИ ШУМО ХОИНОНИ МИЛЛАТ НАХОҲЕМ ДОД!

ВОКУНИШ. Вазъи сиёсии дунё имрӯз ба он далолат мекунад, ки бисёре аз кишварҳои олам дар ҳолати нигаронӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ ва фаъолияти онҳо мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки аксари аҳолии онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад, аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметовонад.

ХИЗМАТ БА ВАТАН БАРОИ ҲАР ҶАВОНМАРД ҲАМ ҚАРЗ АСТУ ҲАМ ФАРЗ

«Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем».

ОБОДОНИЮ ХУРРАМГАРДОНӢ ҲАДАФИ ҲХДТ

ФАРХОР. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Тозагӣ гарави саломатӣ” корҳои ободонӣ дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

ДАРСИ НАВБАТИИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ҶАВОНОН

ФАРХОР. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  дарси навбатии курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати деҳоти Гулшан баргузор карда шуд.

ҲХДТ ТАРҒИБГАРИ ТОЗАГИЮ ПОКИЗАГӢ ВА ОБОДКОРИҲО

ФАРХОР. Бо иштироки волонтёрон ва аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Фархор дар боғи фарҳангӣ- фароғатии ноҳияи Фархор корҳои ободонӣ бахшида ба истиқоби сазовори ҷашни пойтахти тамоми тоҷикони дунё шаҳри гулҳо Душанбе шаҳри азиз баргузор карда шуд.

ҲЕЧ ГУНОҲЕ ДАР НАЗДИ ҚОНУН БЕ ҶАВОБ НАХОҲАД МОНД!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ баҳс дар мавзӯи қазияи боздошти Иззат Амон рафта истодааст. Вобаста ба ин мавзӯъ муҳоҷирони меҳнатӣ, ба кавли дигар ҷавонони ноогоҳу камсавод сару садоҳо бардошта истодаанд.

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ

АНДЕША. Хизмат ба Модар – Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва нангу номуси шаҳрвандӣ мебошад.

КАБИРӢ ДУБОРА ОШКОР НАМУД, КИ ҶУЗЪ ХОИН КАСИ ДИГАРЕ НЕСТ

ВОКУНИШ. Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабареро дидам, ки рӯзи 15 апрел роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъбудаи наҳзати исломӣ яъне Муҳиддин Кабирӣ дар Телеграмм-канали @Rizwan_ir  ба таври онлайнӣ бо донишҷӯён ва фаъолони эронии ҳавзаи байналмилал ва ҷаҳони ислом  мулоқот доштааст.

ДУШАНБЕ-ХОНАИ ОБОДИ МОСТ

КӮЛОБ. Тибқи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтоблиқо” аз ҷониби масъулини ҳизбӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ва “Илм фурӯғи маърифат”  ҳамчунин бахшида ба эълон гардидани “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе” зери унвони “Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон” вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ

КӮЛОБ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки  Саймуминзода Фируз – муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи “Сиёсати ҷавонон самти афзалиятноки барномавии ҲХДТ ” баргузор гардид.

ҲАШАРИ УМУМӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

КӮЛОБ. Санаи 10.04.2021 дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Бустонсаро ҳашари умумишаҳрӣ баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки дар Бустонсарои шаҳри Кӯлоб ба аз ҷониби МИҲД-и ш.Кӯлоб ба ҳар як идораву ташкилотҳо қитъаи муайяни замин ҷудо карда шудааст.

САБЗУ ЗЕБО ГАРДОНИДАНИ ҲУДУДИ ШАҲР АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁНИ ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.

СОЛИМИИ ҶОМЕА ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҲИЗБ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонбахш”бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.

СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО ИШТИРОКИ МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти  Хатлон дар заминаи дастуру супоришҳои  роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи  Марказии ҲХДТ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон семинар – машварати  дастурдиҳӣ баргузор  гардид.

ТАВАССУТИ СЕМИНАР ДОНИШУ МАЛАКАИ ҶАВОНОН ТАШАККУЛ ДОДА МЕШАВАД

КӮЛОБ. Бо иштироки аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишию машваратӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

ЁДҲО АЗ АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ҚУБОДИЁН. Бахшида ба Рӯзи 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар муассисаи таълимии №3 бо хонандагон ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабинии ҳизбӣ  таҳти унвони “Ёдҳо

АМАЛИ ХАЙР БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН!

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар якҷоягӣ бо  раиси ташкилоти ибтидоии “Биноӣ” Раҳимова Барно ва  со

СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ИН УСУЛИ ОБОДОНИСТ

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”  дар якҷоягӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Носири Хусрав”  дар ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав ҷиҳати азнавсозии иншооти гигиенӣ - ҳоҷҷатхона ва ҳа

ЗИРАКИИ СИЁСӢ РОҲИ МУАССИРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

ВОКУНИШ. Хатари терроризму экстремизм ва мубориза алайҳи он ҳамоно аз мавзӯъҳои пурбаҳс дар ҷомеа аст. Дар иртибот ба он таҳлилгарон аз равзанаҳои гуногун нигариста, то ҳол дар шинохти онҳо хулосаи амиқ ҳосил нашудааст.

МАҲФИЛИ ҚИРОАТИ ШЕЪР АЗ ЭҶОДИЁТИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ДӮСТӢ. Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 110-солагии Шоири бузург ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили қироати шеър аз ашъори Шоир дар байни хонандагон ва аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ҳамкории дуҷонибаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида шуд.

ДУШАНБЕ ХОНАИ УМЕДИ МО ТОҶИКОН

ДӮСТӢ.  Бахшида ба Рӯзи пойтахт- шаҳри Душанбе, ки ба санаи 17 апрел рост меояд, дар боғи фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегии умумӣ ташкил  ва гузаронида  шуд.

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО

ДАНҒАРА.  Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни омӯзгорону донишҷӯёнӣ Муассисаи таълимии литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

ДУШАНБЕ-ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби ҷавонон –аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо иштироки масъулини ҳизбӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон” доир гардид.

ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ҶИНОЯТ АСТ!

ВОСЕЪ.  Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки Сафар Ҳафиза Разоқ   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба яке аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеаи имрӯза “Пешгирии зӯроварӣ дар оила ” баргузор гардид.

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН, МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН АСТ

ВОСЕЪ. Саховатмандӣ яке аз хислатҳои хуби инсонӣ ба шумор меравад. Чунин сифатҳои ахлоқӣ ба ҳар як шахс тааллуқ дорад, чунки инсон худ табиатан нек аст ва ӯ кӯшиш мекунад, ки ба эҳтиёҷманде мадад расонад. Мардуми тамаддунофари тоҷик тавре медонем, аз рӯи хайрдӯстӣ ва дастгирӣ намудани муҳтоҷон маъруф ва машҳур гаштаанд.

ҲАДАФ: АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРИВУ ҚАҲРАМОНИҲОИ ФАРЗАНДОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ

ВАХШ. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Фирдавс Қосимов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 бо хонандагони синфҳои болоӣ мулоқот доир намуд.

ДУШАНБЕ-ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

ВАХШ. Дар Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дарси 5-уми курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия баргузор карда шуд. Мавзӯи навбатии курси мазкур «Бузургони илму адаби форсу тоҷик ва нақши онҳо дар рушди тамаддун ва илми ҷаҳон» буд, ки роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Сабоҳат Салимова ибрози андеша кард.

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ

ВАХШ. Вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Вахш №32”, Абдусаломзода Мунаввар бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи деҳаи Ҳаваскор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №20 доир карда шуд.

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР ДОИР ШУД

БОХТАР. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир гардид.

ҶАВОНОН ИДОМАДИҲАНДАИ НАСЛИ БАШАР

БОХТАР. Муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло бо хонандагони синфҳои болоӣ, хусусан бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №14-и шаҳр вохӯрӣ доир намуданд.

СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ НАВОБОД ДАР КОРҲОИ ХОҶАГИДОРӢ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАНД

БОХТАР. Дирӯз дар маҳаллаи Навобод гурӯҳи корӣ аз рафти истифодаи заминҳо дидан намуданд. Дар гурӯҳи кории мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, шуъбаи маориф, бахши  ҷавонон ва намояндагони дигар сохторҳои дахлдор иштирок доштанд.

ҲХДТ АЗ ТАҶРИБАИ СОБИҚАБОРОН ПУРСАМАР ИСТИФОДА МЕКУНАД

БОХТАР. Дар шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ҷаласаи навбатии Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир шуд.

ДАР “СИТОРА” ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ТАЪСИС ЁФТ

БОХТАР. Имрӯз маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Ансамбли рақсии “Ситора”-и шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб ва Ҳимматов А., аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд. Нахсут Куганов Фарҳод роҳабри Ансамбли “Ситора” суханрони намуда, доир ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ибрози назар кард.

ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БА ОЗМУНҲОИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ

ДАНҒАРА. Барои ҷалби ҷавонону наврасон , ба озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон Ватани азизи ман" ва озмунҳои ҳизбӣ, ки таҳти унвони "Мо бо шумоем" барои маъюбон баргузор мегардад,  муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 – и ноҳ

ОМОДАГИИ НАВРАСОН БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №62 бо омӯзгорон ва наврасон вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg