БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР “СИТОРА” ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ТАЪСИС ЁФТ

БОХТАР. Имрӯз маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Ансамбли рақсии “Ситора”-и шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб ва Ҳимматов А., аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд. Нахсут Куганов Фарҳод роҳабри Ансамбли “Ситора” суханрони намуда, доир ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ибрози назар кард.

Сипас, Толибзода Толиб мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ доир ба барнома ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мавқеи имрӯзаи ҳизб, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз ибрози назар кард. – Пос доштани фарҳанги миллӣ ва арзишҳои мардумӣ, эҳё намудани ҳунарҳои халқи дар меҳварӣ ҳадаҳои фарҳангии ҲХДТ қарор дорад. Аз ҷумла, бо дастригтӣ ва пуштибонии Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаншҳои ба мисли Наврӯз, Сада, Меҳргон эҳё гардида, дар ҷомеаи мавқеву манзалати хосаро соҳиб гардида истодаанд. дар самти фарҳангпарварии Пешвои миллат метавон баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азиз ман”-ро унвон намуд, ки аҳли эҷодои кишварро ба ҳам мутаҳид кардаасту чеҳраҳои нави санъати тоҷикро муаррифӣ намуда истодааст, - таъкид дошт Толибзода Толиб.

Дар идома масъалаҳои интихоби раис ва котиби масъули ташкилоти ибтидоӣ муҳокима гардида, бо пешниҳод ва ҷонибдории аксари аъзои ҳизб узви ҲХДТ Куганов Фарҳод раиси ашкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуда, ташкилоти мазкур “Ситора” номгузорӣ гардида масъалаи қабули аъзо ба сафи ҳизб низ муҳокима гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg