ВОКУНИШ. Вазъи сиёсии дунё имрӯз ба он далолат мекунад, ки бисёре аз кишварҳои олам дар ҳолати нигаронӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ ва фаъолияти онҳо мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки аксари аҳолии онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад, аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметовонад. Аз ин рӯ, мувофиқи дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳторҳои кудратӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар холати омодагӣ карор доранд. Аз як тараф васоити ахбори омма ва аз тарафи дигар зиёиёну равшанфикрон дар роҳи нишон додани симои аслии гурӯҳҳои ифротӣ ва оқибатҳои маргвори амалиётҳои онҳо ба мардум хизмати арзандае карда истодаанд. Зеро идеяҳои ин ташкилотҳои террористӣ- экстремистӣ ба кишварҳои гирду атрофе, аз он ҷумла бо Тоҷикистони мо низ, роҳ ёфта, ҷавонони бехабарро ба доми худ кашида, барои анҷом додани амалу кирдорҳои ғаразноки худашон истифода бурда истодаанд.
Вазъи сиёсии кишвари мо айни ҳол ором аст, вале гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тариқи онлайн баромад намуда, мехоҳанд вазъияти сиёсии Ватани азизамонро ноором созанд. Аз ҳамин рӯ, гирифтани пеши роҳи онҳо, нуқта гузоштан ба фаъолияти он вазифаи ҳукумат ва мардуми бедордили кишварамон мебошад.
Шумо иғвоангезон мехоҳед бо ин дассисаҳои худ мардуми оддиро гумроҳ созед. Ғалат мекунед! Ин мардум як бор фирефтаи шумо гардидаанд ва ҳеҷ гоҳ дубора бозичаи дасти шумо нахоҳанд шуд. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсии хешро ба суханони пучу бемағз ва иғвоҳои бемаънии шумо баробар намекунанд ва ин миллати фарҳангсолори тоҷик намегузорад, ки назари баде ба сӯи Ватани аҷдодияш- Тоҷикистон афтад. Таърих ва ин миллат ҳеҷ гоҳ кори кардаи палидонро беҷавоб нахоҳад монд. Бояд қайд намоям, ки дуою оҳу нолаи ҳазорон модарони тоҷик, ки писарони ҷавони худро дар муноқишаҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз даст додаанд, шуморо, роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористии наҳзатиро ҳамеша думболагир аст ва хоҳад гирифт. Шумо назҳатиёнро аллакай Худованд ҷазо додаасту оҳи модарони тоҷик гирифтааст, ки беватанед.
Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус Тоҷикистон ҷавононро як нерӯи созанда, ободкор ва пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд. Аз ин рӯ, умеди миллату давлат, ки ба ҷавонон аст, пайваста кӯшиш менамоем, ки мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизмро шиори ҳаррӯзаи ҳар як ҷавон гардонем.
Инро шароити мураккаб ва печидаи вазъи сиёсии ҷаҳон аз ҳар яки мо бо таври қотеъона талаб менамояд.
Дассисаю даъвоҳои роҳбарони сомонаи иғвоангези интернетӣ, хусусан “Паймони миллӣ” Муҳидин Кабирӣ, “Ислоҳ, нет” Муҳаммадиқболи Садриддин, “Гурӯҳи-24” Суҳроб Зафар, “Садои мардум” ва дигаронро –мо ҳизбиён маҳкум менамоем.
Ҳасанзода Тағоймурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун