ВАХШ. Вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Вахш №32”, Абдусаломзода Мунаввар бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи деҳаи Ҳаваскор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 доир карда шуд.
Сараввал аз ҷониби шахси боэътимоди номзад Одилҷон Маҳмадов, муаррифнома ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба ҳозирин шинос карда шуд.
Сипас, Абдусаломзода Мунаввар дар назди иштирокдорон баромад карда, вобаста ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботӣ, аз он ҷумла баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия, дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби аҳолӣ баҳри корҳои созандагию ободонӣ, саҳмгузорӣ дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ибрози андеша намуд.