БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

24 Апрел 2021

ТАРБИЯИ ҲАРБӢ- ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ВА ҶАЛБИ ОНҲО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

А.ҶОМӢ. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,   силсила чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва сайру гашти идонаи сокинон баргузор гардида истодааст.

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ БО МАҚСАДИ АРҶ ГУЗОШТАН БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Н.ХУСРАВ.  Дар  асоси  дастуру  супоришҳои  мақомотҳои  болоии  ҳизб масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири  Хусрав  ҷиҳати  тарғибу  ташвиқи озмунҳои  ҷумҳуриявии « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб  аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи  ман» ва  «Илм-фурӯғи маърифат»  миёни  хонандагони  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумии  ноҳия, кормандони фарҳанг ва  сокинон пайваста  корҳои оммафаҳмо

БА ТАРТИБ ОВАРДАНИ ОРОМГОҲҲО –ПОС ДОШТАНИ ХОТИРАИ ГУЗАШТАГОН АСТ

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Носири Хусрав  бо  мақсади  пос доштан ва  эҳтиром гузоштан ба  насли  калонсолу  гузашта, эмин  нигоҳ  доштану   ҳифзи   оромгоҳҳо ва  тарбия  намудани  насли  наврас дар  руҳияи анъанаҳои  неки  миллиамон  ҳар рӯзи  якшанбе  аксия  «Рӯзи  ёдоварӣ»   бо  ҷалби  аъзо  ва  ҷонибдорони  ҳизб  дар қабристонҳои  деҳаҳои  ноҳия  баргузор  мегардад.

УСУЛИ НАВИ ПАРВАРИШИ КАРТОШКА ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Н.ХУСРАВ. Кормандони Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид ба  шарҳу  тавзеҳи нуктаҳои  Паём  ва   супоришҳои  зимни  мулоқот бо  фаъолони  вилояи Хатлон  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо  усули «Хона  ба  хона»   корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда   истодаанд.

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО ГУЛПӮШ ХОҲЕМ КАРД!

Н.ХУСРАВ. Бахшида ба таҷлили истиқболи  сазовори  30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  кишварамон  бо  ташаббуси Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар маркази  ноҳия  Носири Хусрав, ҷамоати шаҳраки  Баҳор  бо ҷалби  аъзо  ва  ҷонибдорон,   волонтиёрони  ҳизбӣ  Аксияи  ҳизбии « Гулзоркунӣ»  баргузор  гардида, дар  заминҳои  назди ташкилоту  муассисаҳо гулҳои  мавсимии  гуногунранг  шинонида шуд ва  

ЧЕҲРАҲОИ НАВИ СУХАНВАР ДАРЁФТ МЕГАРДАНД

Н.ХУСРАВ.   Дар  асоси  дастуру  супоришҳои  мақомотҳои  болоии  ҳизб масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири  Хусрав бо  мақсади  дарёфти  чеҳраҳои  нави  суханвару  сухандон, шеърдӯсту китобхон,  тарғибу  ташвиқи озмуни ҷумҳуриявии « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб  аст»,  миёни  хонадагони  муассиаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумии  ноҳия, кормандони  фарҳанг ва  сокинон пайваста озмуни  мазкур  мавриди   барг

ТЕРРОРИЗМ ВА МАСЪАЛАҲОИ МЕТОДОЛОГИИ ОМӮЗИШИ ОН

АНДЕША.  Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад.

110-СОЛАГИИ ШОИРИ ЗИНДАЁД МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ҲАМАДОНӢ. Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз муассисаҳои таълимии № 2, 54 ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроия бахшида ба ҷашни 110- солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода қироати шеъру суруд аз ашъори  шоири

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БО МАҚСАДИ ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ЗАМИН

ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҷамоати шаҳраки Фархор бо усули  «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

…ЗЕБАНДА ТУРО ЛИБОСИ АТЛАС !

АНДЕША. Яке аз рукнҳои давлату миллат ин либоси миллӣ ба шумор меравад. Аслан ба бар кардани либоси миллӣ хоси занон буда, аз нигоҳи аввал ба кадом миллат мансуб будани ӯро муайян кардан осон аст. Хусусан занону бонувони тоҷикро.

НА ҲАР КАС НИҲОЛРО САБЗ КАРДА МЕТАВОНАД!

АНДЕША. Барои иҷрои кори ободонӣ, хайру саховат ирода доштан ва талош намудан аз ҳар як нафар тақозо мегардад. Нафарони тандуруст ва сарватманд бештаранд, аммо на ҳамаи онҳо иқтидори обод намудани диёр ё ин, ки иҷрои амалҳои хайру саховатро доранд.

НАҲЗАТ ҶОЙИ ШАЙТОНУ МАЛЪУНОН АСТ, НА ҶОЙИ ИСЛОМУ МУСАЛМОНӢ

ВОКУНИШ. Чанде қабл тавассути оинаи нилгун филми «Ҳазрати Юсуф»-ро тамошо кардаму барои хеш матлаберо равшан сохтам. Чун таърих инро исбот намудааст, ки дар ягон давру замон шахсеро, ки нафсаш ба руҳаш ғалаба кардааст, нафъаш ба ягон ҷомеа нарасидааст. Онҳо шахсони хатарнокеанд, ки ҳатто барои  ду пул модари худро мефурeшанд. 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИНИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло ва Толибова Малоҳат омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №33 оид ба мавзӯи муҳими ҷомеаи имрӯза “Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи навини давлатдории

ОЗМУНИ «МО БО ШУМОЕМ» ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ бо мақсади дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузош

ДУШАНБЕ ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки имсол ба 17-уми апрел рост омад, шанбегиҳо таҳти шиори «Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон», инчунин бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Марзбон» бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ «С

ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ: МАКТАБИ РУШД ВА ХУДТАКМИЛДИҲӢ

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари ҷавонон барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар курси омӯзиширо барои ҷавонон зери унвони «Созандагони Ватан» дар толори Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ командони Кумитаи иҷроия  дар мавзӯи «Фаъолияти волонтёрӣ: мактаби рушди ва

ДУШАНБЕ-ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

ПАНҶ. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар замини назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ шанбегӣ таҳти унвони «

МАҲФИЛИ АДАБӢ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ маҳфили қироати шеърҳо аз ашъори шоири ширинкалом - Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

БОНУВОН НИЗ ДАР ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ФАЪОЛАНД

ЛЕВАКАНТ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб, раиси шаҳри Левакант, Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва дигар масъулин, дар д

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ЗАМИН МАФИАТОВАР АСТ

ҶАЙҲУН.  Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия корҳои фаҳмондадиҳ дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо усули “ хона ба хона ” гузаронида шуд.

ҲАДАФ: ПУРЗӮР НАМУДАНИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

КӮЛОБ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситора” аз ҷониби масъулини ҳизбии  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Валиева Саъбагул ва Мунаввараи Бозоралӣ бо иштироки   раиси  ташкилот  Хатичамо Даминова ва дигар аъзо ҷиҳати  дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вохӯрӣ доир гардид.

ИНТИХОБИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

КӮЛОБ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”  баргузор гардид.

ДАР ҲУДУДИ ШАҲРИ КӮЛОБ КОРҲОИ БУНЁДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

КӮЛОБ. Бахшида ба сазовор истиқбол намудани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб корҳои бунёдкорию созандагӣ бо маром идома доранд.

ДАЪВАТИ НАВРАСОН БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ҚУБОДИЁН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Камароб” бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 вохӯрӣ баргузор гардид.

КУРСИ ОМӮЗИШИИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БО МУВАФФАҚИЯТ ИДОМА ДОРАД

ЁВОН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади ташкил ва баргузор намудани курси омӯзишӣ барои ҷавонон зери унвони “Созандагони Ватан” таҳия гардида, курси мазкур оғоз ёфта, то ҳол  идома дорад.

СИЁСАТИ ҶАВОНОН – САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМАИ ҲХДТ

ДАНҒАРА. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокималӣ  дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” дар мавзӯи “Сиёсати ҷавонон самти афзалиятноки барномаи ҲХДТ  ” баргузор гардид.

КОРҲОИ ОБОДОНИВУ САРСАБЗГАРДОНӢ МАРОМИ МОСТ!

ДАНҒАРА.  Дар доираи Аксияи ҳизбӣ  “Якҷоя месозем!”   корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати   дар рӯҳияи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30 – солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Ҷумҳуриявии Клиникӣ” бо иштироки васеъи кормандон   шанбегии умумӣ баргузор гардид.

НАҚШИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР РУШДИ АДАБИЁТ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ БАРҶАСТА АСТ

ДАНҒАРА. Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон ба истиқболи 110-солагии устоди сухан, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабиниҳо ва маҳфилҳои илмиву адабӣ баргузор гардида истодааст.

ҶАВОНОН-ПАРЧАМБАРДОРОНИ ДАВЛАТ

АНДЕША. Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бардхурдҳо буда, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст.

ПАЙРАВИ СИЁСАТИ БУНЁДКОРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

ВОСЕЪ. Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ дар майдони парчами ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ корҳои ободонӣ, созандагӣ ва хуррамгардонӣ доир гардид.

БО МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА БОЗОРҲОИ ДОХИЛИРО БО МАВОДҲОИ ХӮРОКВОРӢ ТАЪМИН МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон аз 26.03.21 вобаста ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти А.Рӯ

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

ВОСЕЪ.  Бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаву деҳаҳои ноҳияи Восеъ кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату мулоқотҳоро дар мавзӯъҳои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва омода кардани банкаҳои консерва аз мевагӣ ва сабзавот, захира кардани ғалладонагӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

ВАХШ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Вахш, ҳамзамон иҷроиши дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб, бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, курси омӯзиширо барои ҷавонон зери унвони «Созандагони Ватан» рафта истодааст.

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – МУАРРИФГАРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

ВАХШ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони халқи тоҷик устод Мирзо Турсунзода, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, конференсияи илмӣ-адабӣ доир гардид.

ДУШАНБЕ ХОНАИ УМЕДИ МО!

ВАХШ. Бо мақсади дар сатҳи баланд  ташкил ва таҷлил намудани Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо  аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар боғи фарҳангии ба номи М. Турсунзода сайру гашти идона, таҳти унвони «Душанбе – хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон» доир намуд.

МАҲФИЛИ АДАБӢ БАХШИДА БА 110 -СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Ҷ.БАЛХӢ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Гимназияи №1 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маҳфили адабӣ, қироати шеърҳо аз ашъори шоири халқӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ…

АНДЕША. Душанбе, яке аз ҷавонтарин пойтахтҳо дар ҷаҳон ва сутуни асосии давлатамон буда, симои ҳақиқии миллат ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg