ВОСЕЪ. Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ дар майдони парчами ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ корҳои ободонӣ, созандагӣ ва хуррамгардонӣ доир гардид.
Сокинон дар ин рӯз ба ҳашари дастаҷамъона баромада, занону духтарон гирду атрофи боғро рӯбучин намуда, дар заминҳои он барои ҳусни зебо ғасб намудани майдон гулҳои гуногуни ороишӣ шинониданд ва мардону ҷавонон бошанд, бехи дарахтон, заминҳои онро нарм намуда, роҳравҳоро сафолакпӯш карданд. Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ бо сокинони меҳнатдӯстӣ ҷамоати мазкур ҳамсуҳбат шуда, ба ҳамаи онҳо барои саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамзамон, сокинон қайд намуданд, ки пайваста аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, дар ободию пешрафти як гӯшаи диёр саҳми назарраси хешро мегузоранд.