ҚУБОДИЁН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Камароб” бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷумаев Алиҷон иброз дошт, ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” беҳтарин фурсат барои баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон аст. Вобаста ба ин омӯзгорони моро зарур аст, ки барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму техника ва китобу китобхонӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш намуда, дар самти омодасозии наврасону ҷавонон барои иштирок дар озмунҳои номбурда саҳми босазои худро гузоранд.