БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУРСИ ОМӮЗИШИИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БО МУВАФФАҚИЯТ ИДОМА ДОРАД

ЁВОН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади ташкил ва баргузор намудани курси омӯзишӣ барои ҷавонон зери унвони “Созандагони Ватан” таҳия гардида, курси мазкур оғоз ёфта, то ҳол  идома дорад.

Дарси баргузоргардида дар мавзӯи “Пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ” ба роҳ монда шуд. Доир ба мавзӯи мазкур муовини сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Ёвон  Назаров Алишер ба шунавандагони курс маълумотҳо пешниҳод намуд.

Дар фарҷоми дарс аз ҷониби шунавандагон ба омӯзгор (лектор) вобаста ба мавзӯи матраҳгардида, саволҳо пешниҳод шуда, онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg