БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

13 Апрел 2021

ИЗЗАТ АМОН КИСТ ВА ЧӢ ГУНА ӮРО МЕШИНОСАНД?

ВОКУНИШ. Иззат Амон кист? Қаллобе, ки бо роҳи ғайриқонунӣ шаҳвандии Рассияро гирифта, аз шиносномаи он ҷо истифода карда, дар он ҷо ба қавли худ Иттиҳоди ҷавонони тоҷикро ташкил намуда, аз муҳоҷироне, ки бо машаққати зиёд маблағ ба даст меоваранд, ба бовариашон даромада, маблағҳои онҳоро ба манфиати худ истифода мекардааст.

АЗ ҚАЛЛОБ ПУШТИБОНӢ НАШОЯД, ВАТАНРО СОҲИБӢ МЕБОЯД

ВОКУНИШ. Тоҷикистон сарзамини биҳиштосо, диёри куҳанбунёди аҷдодӣ, мулки шерону далерон ва фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Созандагиву бунёдкориҳое, ки пайваста дар кишвари зебоманзарамон ба вуқӯъ меояд, бадхоҳони миллатро дилшикаста мегардонад. Ҳамаи ободкориҳо, ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатамон бевосита ба чашми душманони миллат хок мепошад.

ҲИЛЛАВУ НАЙРАНГ ТО БА КУҶО ДАВОМ МЕКУНАД?

ВОКУНИШ. Иззат Амон таълимгирифтаи Машҳади Эрон. Иззат Амон ончунон дар оғӯши саркардагони ҳизби террористӣ тарбия ёфтааст, ки дар хориҷи кишвар раиси бахши ҷавонони ҲНИ интихобаш кардаанд.

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ИДОМА ДОРАД

ВАХШ.  Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 6 вохӯрии номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Вахш-32” Абдусаломзода Мунаввар бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш доир гардид.

ҶАЛБИ МАРДУМ БА КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Рӯзи ёдоварӣ”, аъзо  ва  ҷонибдорони ноҳиявии ҳизбии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи деҳоти  роҳи  Сотсиализми  ҷамоати деҳоти  Калинин  дар  якҷоягӣ  бо  волонтёрони  ҳизбӣ  дар оромгоҳи "Хоҷамастон"  ҳашарҳои  дастаҷамъонаро роҳандозӣ карда, дар  амалишавии  он  зиёда аз 150 нафар аъзо ва ҷонибдорони

ҲХДТ: ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН МУСОИДАТ БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ

А.ҶОМӢ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар ҷараёни сафари кориаш ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самаранок истифодабарии қитъаҳои замини  наздиҳавлигӣ дар деҳаи  Пушкини  ҷамоати  деҳоти Яккатути ноҳия  аз замини  наз

ҲХДТ: ҶАВОНОН НЕРӮИ ТАВОНОЮ ОЯНДАСОЗИ КИШВАРАНД

А.ҶОМӢ. Дар доираи сафари кории Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо барандагони  стипендияи ноҳиявии ҲХДТ,ки 15 нафарро ташкил мекунанд,  суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом дод.

САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ БА МЕНФИАТИ ХУДИ МО

ҶАЙҲУН.  Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, чорабинӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар байни хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Қумсангир баргузор намуданд.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУРИ РОҲНАМО

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  бо сокинони деҳаи Саросёби Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо дар бораи дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, суҳбат доир намуданд.

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

ХОВАЛИНГ. Барои расонидани маълумотҳои тиббӣ ба соҳибкорони  бозори марказии ноҳияи Ховалинг  ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҷалби  волонтёрони назди Кумитаи иҷроия  дар доираи Аксияи таблиғотӣ таҳти унвони “Саломатӣ гавҳари ноёб аст!” суҳбат намуданд.

ДЕҲАИ ОБОД СИМОИ СОКИНОНИ БОМАЪРИФАТ АСТ

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сурхоб”-и деҳоти Ғалаба бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор хониши сиёсӣ ва Аксияи тарғиботӣ - амалӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ

АНДЕША. Имрӯзҳо  дар сар то  сари   кишвар  маъракаи даъвати  ҷавонон    ба сафи  Қувваҳои  Мусалаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон   оғоз   гардида,  Комиссариятҳои  ҳарбии ноҳияро   дар асоси  фармони  Сарфамондеҳи  Олии Артиши  миллӣ  муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон    комисссияҳои даъватиро   таъсис   дода,   даъватшудагонро  аз  ташхиси  тиббӣ     гузаронида  ба қисмҳои  низом     фиристода  истодаанд.

АЁДАТИ МОДАРИ СОБИҚАДОР ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, дастгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Ҳусейнова Сайёра, Умеда Акрамзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Раҷабзода Маҳмадсаид собиқадори меҳнат Раҳмонова Соҷида аёдат карда шуда, аз ҳолу аҳволи модари р

САФАРИ КОРИИ МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН БА ШАҲРИ НОРАК

НОРАК. Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Миралиён Қиёмиддин дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 –и шаҳр  семинар - машварат бо роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони деҳаю маҳаллаҳо ва фаъолон доир гардид.

ВАТАН ОРОМИАТ, ОРОМИИ МОСТ!

Даме, ки ман Ватан гӯям, ба васфи он сухан гӯям,

Диёре дар назар дорам, ки бо он шоду озодам.

ДАР КӮЛОБ НАМОИШИ “ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН" БАРГУЗОР ГАРДИД

КӮЛОБ. Субҳи дирӯз дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  намоиш зери унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ташкил ва баргузор карда шуд.

ИДОМАИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

КӮЛОБ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки номзади илмҳои иқтисодӣ  Низомиддин Комилов дар мавзӯи “Саводнокии молиявии ҷавонон” баргузор гардид.

ОБОДИИ ВАТАН ОБОДИИ ХОНАДОНИ МОСТ

ДӮСТӢ. Дар боғи фарҳангии ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегии умумӣ баргузор карда шуд.

МАТБУОТ ЯКЕ АЗ БАХШҲОИ МУҲИММИ ҶОМЕА БУДА, ОН ДАР ТОҶИКИСТОН ОЗОД АСТ

ВОКУНИШ. Суҳбати сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов бо собиқ сардабири ҳафтаномаи “Нигоҳ” Фаридуни Раҳнавард, ки дар сомонаи радиои озодӣ доир гардид, гуфта шуд, ки гӯё матбуоти Тоҷикистон озод нест, тамошо кардам.

ЗАҲМАТУ КАСБУ ҲУНАР КАСРО НАМОЯД НОМДОР...

ДАНҒАРА.   Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар сафари кории худ ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоати шаҳраки Данғара дар  маҳаллаи №8  аз кору фаъолияти як бонуи ҳунарманд, Турақулова Сурмахол шинос гардид.

САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН

ДАНҒАРА. Дар идомаи сафари корӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён  Қиёмиддин Абдусалимзода дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримзода Пирмуҳаммад аз самаранок истифодабарии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоати деҳоти Оқсу дар деҳаи Баҳор ташриф оварда, аз замини наздиҳавлигии Назаров  Уроқ дидан карданд.

ЭЙ КИ ДАСТАТ МЕРАСАД, ДАСТЕ БИГИР...

ДАНҒАРА.  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша  ва дигарон ба аёдати  се нафар  маъюб рафтанд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ЯТИМОН ТАНҲО НЕСТАНД...

ДАНҒАРА. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара,   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода  дар якҷоягӣ бо муовини  раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша ва дигарон ба аёдати панҷ нафар ятими кул, ки дар ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара дар  кӯчаи  ба номи Мирзо Турсунзода дар як оила зиндагӣ мекунанд, ташриф оварданд.

СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ СУДМАНД ДОИР ГАРДИД

ДАНҒАРА.  Сафари кории раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Миралиён Қиёмиддин дар толори фарҳангии  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “ Нури Истиқлол” – и Донишгоҳи давлатии  Данғара семинар - машварат бо иштироки  муовини раиси ноҳия Файзиддинзода Бунафша, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Каримзода Пирмуҳаммад, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, узви Раёсати КИМ ҲХДТ Шоҳиён Нуралӣ Набот ва роҳбарону котибо

КИТОБ ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ ДОНИШИ ҲАР ЯК ИНСОН НАҚШИ АСОСИРО МЕБОЗАД

АНДЕША. Бо иқдомоти наҷиби фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай ду сол озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аз рӯи номинатсияҳои хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик, осори адибони муосири тоҷик, адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ ташк

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНИ ВАТАНДӮСТ АСТ

ВОСЕЪ.  Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки ҷавонони фаъоли ноҳия дарси дуюми курси омӯзишии “Созандагони Ватан” гузаронида шуд.

КУРСИ ОМӮЗИШИИ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» ОҒОЗ ГАРДИД

ВАХШ.  Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари онҳо барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкориҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш курси омӯзишӣ барои ҷавонон зери унвони «Созандагони Ватан» роҳандозӣ гардида истода

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БА БОЛОРАВИИ САТҲИ ЗИНДАГӢ МУСОИДАТ МЕКУНАД

ВОСЕЪ. Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа оқилона ва самаранок истифода бурдани заминро таъкид мекунанд.

ДАСТ ДЕҲ, ЭЙ ҲАМВАТАН, МОРО БИБОЯД ИТТИҲОД!

Аҷаб обу замин дорӣ ту, Ворух,

Чи рӯйи дилнишин дорӣ ту, Ворух.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg