ДӮСТӢ. Дар боғи фарҳангии ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегии умумӣ баргузор карда шуд. Кормандон ва фаъолони ноҳия дастаҷамъона дар обод намудани як гӯшаи диёр баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳашари умумӣ баромада, дар як қатор корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.