ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо сокинони деҳаи Саросёби Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо дар бораи дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, суҳбат доир намуданд.
Дар суҳбат ба масъалаҳое дахл карда шуд, ки ба ҳаёту фаъолияти мардуми деҳа алоқамандӣ дорад. Истифодаи самараноки замин, аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил, тарбияи насли наврас, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, иҷрои талаботи қонунҳо, дастгирии ятимону барҷомондагон ва дигар масъалаҳое буданд, ки дар рафти суҳбат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.