БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЙ КИ ДАСТАТ МЕРАСАД, ДАСТЕ БИГИР...

ДАНҒАРА.  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша  ва дигарон ба аёдати  се нафар  маъюб рафтанд. Зимни  дидорбинӣ  Миралиён Қиёмиддин аз саломатӣ ва шароити зиндагии онҳо  бохабар шуда,  гуфт, ки  нисбати чунин ашхос  давлату Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла ҲХДТ  пайваста  ғамхорӣ зоҳир карда мешавад ва  онҳо  дар маркази таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд. Аз ин иқдоми неки ҳизбиён оилаи маъюбон руҳу илҳоми тоза гирифта, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии  табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа баён доштанд.

Дар охир ба ин оилаи  маъюбдошта як миқдор кумаки маводи хӯрока расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg