БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ СУДМАНД ДОИР ГАРДИД

ДАНҒАРА.  Сафари кории раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Миралиён Қиёмиддин дар толори фарҳангии  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “ Нури Истиқлол” – и Донишгоҳи давлатии  Данғара семинар - машварат бо иштироки  муовини раиси ноҳия Файзиддинзода Бунафша, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Каримзода Пирмуҳаммад, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, узви Раёсати КИМ ҲХДТ Шоҳиён Нуралӣ Набот ва роҳбарону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони деҳаю маҳаллаҳо ва фаъолон баргузор гардид.

Нахуст, муовини Файзиддинзода Бунафша  семинари омӯзиширо ҳусни оғоз бахшида, мақсади ҷамъомадро ба иштирокдорон фаҳмонид. Баъдан Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода зимни суханронии хеш  вобаста ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  ва дар амал  татбиқ  намудани ташаббусҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ибрози сухан намуд. Пас аз анҷоми баромади Миралиён Қиёмиддн   атрофи ин мавзуъ иштирокдорон  саволҳои худро пешниҳод намуда, ба худ посухҳои мушаххас  гирифтанд.

Дар фарҷоми семинар ба якчанд нафар кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Авитсенна” – и Донишгоҳи тиббии Хатлон, ки нав ба аъзогӣ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба як соҳибкори ташаббускор, ки дар татбиқи ҳадафҳои созанда саҳми назаррас дорад,  Чориқулов Қиёмиддин Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg