БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТ ДЕҲ, ЭЙ ҲАМВАТАН, МОРО БИБОЯД ИТТИҲОД!

Аҷаб обу замин дорӣ ту, Ворух,

Чи рӯйи дилнишин дорӣ ту, Ворух.

Биҳиште дар канори Тоҷикистон,

Фазои анбарин дорӣ ту, Ворух.

ВОКУНИШ. Ватан бо ҳама дору надораш, бо сангу хораш азиз аст. Ҳоло ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин қадар ободу зебо, гулгул шукуфост, чӣ гуна барои порае аз он- Ворухи анбаринфазо бетараф бошем!? Ворух пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист! Он порае аз замини муқаддаси тоҷикон буда, аз дидгоҳи таърих ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ гузаштае ба қирғизҳо ба ҳамсоякишвари мо дахл надошту надорад, агарчӣ ҳамсоякишвари мо таърихро муҳим нашумурда, ҳозирбинӣ мекунанд. Аз таърих медонем, ки дар баробари соҳибистиқлол гардидан мардуми тоҷик чи гуна рӯзҳои сангини даҳшатангезро аз сар гузаронидааст. Хушбахтона, бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзҳои сангин дар муддати кӯтоҳ аз сари мардуми тоҷик даргузашт. Воқеаҳои охире, ки дар минтақаҳои ҳамсарҳади тоҷику кирғиз рух медиҳад, мардуми тоҷикро хусусан аҳолие, ки дар минтақаҳои сарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, хеле ба ташвиш меоварад. Тӯли чанд вақт аст, ки дар матбуоти даврии давлатӣ ҳамсоякишвари Қирғизистон ва сомонаи иҷтимоӣ он сару садоҳое, ҷой доранд, ки деҳаи Ворух ба гузаштаи онҳо тааллуқ дошта бошад, ки чунин иддаои бе асос ҳар яки моро ба андеша намудани таърихи давлатдории қирғизҳо водор менамояд, ки онҳо халқиятҳои кӯчманчию бодиянишин буданд.

Дар сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи  9.04.2021  ба деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд сурат гирифт бо итминон иброз доштанд, ки ҳар як сокини шаҳр ва деҳоти Исфара, ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро, бо заҳмати созанда ва дастовардҳои назаррас, самимона истиқбол мегиранд ва шаҳри Исфара ва деҳоти онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, дар он ин рамзи муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ-парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд, он дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид муҳайё карда шудааст.

Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ворух дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш 50 метрро дар бар гирифта, матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Инчунин, зимни сафари кории худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд як қатор  иншоот, аз ҷумла маркази фарҳангӣ- фароғатӣ ва варзишии “Ширин”, Маркази хизмарасонии “Наврӯз”, Қасри фарҳанг, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74 ва якчанд иншооти дигарро мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода, боғи интенсивӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворухро бунёд намуданд.  Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хати оби нӯшокиро ба истифода доданд, ки боиси шодию нишоти сокинон гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара иброз дошт, ки шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад. Дар ин баробар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид сохтанд, ки  дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Ин ҳама нишон аз он аст, ки Ворух замини тоҷикон буда, он ивазнопазир аст!

Абдулҳаев Маҳмасаид, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg