БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН ОРОМИАТ, ОРОМИИ МОСТ!

Даме, ки ман Ватан гӯям, ба васфи он сухан гӯям,

Диёре дар назар дорам, ки бо он шоду озодам.

Ба ҳар кӯяш гузар дорам, расад ҳар дам ба фарёдам,

Тоҷикистон номи неки ӯст, чу ҷонам дорам ӯро дӯст!

АНДЕША. Бале, ҳар даме, ки мо Ватан мегӯем ва бар васфи он сухан меронем, пеши назарамон диёри сарсабзу хурраму обод ҷилвагар мешавад. Ва ин диёри арҷманд - Тоҷикистон ном дорад! Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони номдор ва садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистонро чун як давлати ободу соҳибихтиёр шинохтаанд, ки дар ин ҷода талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид. Ин марди хирад бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,
Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.
Агар гӯем хизматҳои ту бемислу монанданд,
Ба миллат ҳастият бахшида инсонӣ, ту меарзӣ.

Ҳақатан ҳар ҷое, қадами ин марди хирад расад онҷо ҳатман гулзору обод хоҳем дид, ин аст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сафари кории Пешвои муаззами миллат ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд сурат гирифт, ки дар сафари кории худ даҳҳо биноҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ, баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум заминаи устувор гузошт.

Боиси нигаронист, ки бар замми ин ҳама талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободию осоиштагии кишвари азиз, боз як қатор мушкилиҳо низ вуҷуд дорад, ки ҳар яки моро ба ташвиш меоварад. Ин ҳам бошад, воқеаҳои охире, ки дар минтақаҳои ҳамсарҳади тоҷику кирғиз рух медиҳад, мардуми тоҷикро хусусан аҳолие, ки дар минтақаҳои сарҳадӣ деҳоти Ворухи шаҳри Исфара  зиндагӣ мекунанд, хеле ба ташвиш меоварад.

Дар сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9.04.2021 ба деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд сурат гирифт, бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.

Зимни вохӯрӣ Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки «Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад. Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад, таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар рафти мулоқот, инчунин Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки «ба ҳар гуна хабарҳои беасоси дар саҳифаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда бовар накунем, барои ҳалли масъалаҳои сиёсии давлат, махсус комиссияҳо ташкил шудаанд, ки бо роҳи осоишта гуфтушунидҳо гузаронида мешавад». Бартараф намудани ҳар мушкилиҳои ҷойдошта бо роҳи гуфтушунид, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо  ин ҳам бошад аз сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пас ҳар яки мо, соҳибватанонро зарур аст, ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расида, арзишҳои муқаддастарини давлатро дарк намуда, онҳоро пос дорем ва зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.

Сулаймонова Лола,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg