
ВОСЕЪ. Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа оқилона ва самаранок истифода бурдани заминро таъкид мекунанд.
Вобаста ба ин дар ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуда, дар он сокинон заминҳои бекорхобидаро нарм карда, аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуданд.