БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КӮЛОБ НАМОИШИ “ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН" БАРГУЗОР ГАРДИД

КӮЛОБ. Субҳи дирӯз дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  намоиш зери унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар намоиши мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯлоб Гулрухсор Шарифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, аъзои Кумитаи иҷроия, директори генералии муҷтамаи Осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб  Ҳотам Раҷаби Асозода ва дигар нафарони расмӣ иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба миқдори 26 адад асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта, офаридаҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон низ пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg