КӮЛОБ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки номзади илмҳои иқтисодӣ Низомиддин Комилов дар мавзӯи “Саводнокии молиявии ҷавонон” баргузор гардид.
Зимни баргузории курс аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидмуъминзода Фирӯз қайд гардид, ки курси мазкур аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва вакилони мардумӣ бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари ҷавонон барои иштирок дар раванди созанагиву бунёдкории кишвар роҳандозӣ гардидааст.
Аз ҷониби маърӯзачӣ ба шунавандагон оид ба баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон дар доираи саволу ҷавобҳо дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар охир шунавандагони курс барои ташкил намудани чунин иқдом изҳори миннатдорӣ карданд.