БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАТБУОТ ЯКЕ АЗ БАХШҲОИ МУҲИММИ ҶОМЕА БУДА, ОН ДАР ТОҶИКИСТОН ОЗОД АСТ

ВОКУНИШ. Суҳбати сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов бо собиқ сардабири ҳафтаномаи “Нигоҳ” Фаридуни Раҳнавард, ки дар сомонаи радиои озодӣ доир гардид, гуфта шуд, ки гӯё матбуоти Тоҷикистон озод нест, тамошо кардам.

Ман ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлол шоҳид аз он ҳастам, ки матбуоти даврони соҳибистиқлол озод аст ва бо дастригиҳои бевостаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола рӯзи 11-уми март дар тамоми қаламрави ҷумҳуриамон ҳамчун “Рӯзи матбуот” ҷашн гирифта мешавад, ки ин нишона аз бахши муҳим будани матбуот дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Ҳамчун як ҷавон бояд қайд кунам, ки агар дар кишвари мо матбуот озод намебуд, хабарнигорон озодона бетарсу ҳарос мушкилоту камбудиҳои дар ҷомеа бударо дар матбуот инъикос намекарданд ва дигар ин ҷавонони зиёд, аз ҷумла дар риштаҳои рӯзноманигорӣ дар макотибҳои олии мамлакатамон таҳсил карда истодаанд, ҳатто баъзеашон дар рӯзномаҳои даврӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, ҳамасола нишастҳои матбуотӣ дар тамоми корхонаву муассисаҳои кишварамон бо иштироки рӯзноманигорони ВАО ба таври зинда ва бо саволу ҷавобҳо баргузор мегардид, ки нишонаи дигар аз озод будани матбуот дар кишвар мебошад. Ҷои пӯшида нест, ки имрӯзҳо рӯзномаҳои зиёд дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки камбудиҳои ташкилот ва ё корхонаву муассисаҳои мамлакат пурра ошкор месозанд.

Месазад гуфт, ки новобаста аз рӯзноманигорон дигар табақаҳои ҷомеа низ метавононад озодона ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки қисми зиёди аҳолии мамлакатамон пурра аз он истифода менамоянд, андеша, вокуниш, мулоҳиза, мақолаву гузоришҳои худро вобаста ба мушкилиҳои дар ҷомеа мавҷудбуда ба таври густурда ба табъу нашр расонанд.

Шоева Дилноза, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg