
ВОСЕЪ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки ҷавонони фаъоли ноҳия дарси дуюми курси омӯзишии “Созандагони Ватан” гузаронида шуд.
Ба шунавандагони курси омӯзишӣ аз ҷониби мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Неъматзода Фарзона дар мавзӯи “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан-Модар ё самараи хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон” дарс гузаронида шуд.
Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат Неъматзода Фарзона иброз дошт, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад. Имрўзҳо фарзандони баору номуси Тоҷикистони азизамон дар ҳар гўшаву канори кишвар дар хизмат ҳастанд. Хизмати ҳарбӣ ба ҷавонон дарси матонат, шуҷоат ва мардонагӣ омўзонда, барои мукаммал ба воя расиданашон мусоидат мекунад. Хизмати Ватанро ба ҷо овардан ин расидан ба қадри модар, қадри инсон ва сулҳу осоиштагӣ мебошад.