БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИТОБ ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ ДОНИШИ ҲАР ЯК ИНСОН НАҚШИ АСОСИРО МЕБОЗАД

АНДЕША. Бо иқдомоти наҷиби фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай ду сол озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аз рӯи номинатсияҳои хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик, осори адибони муосири тоҷик, адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Баргузории ин озмун пеш аз ҳама, меҳнату заҳмат, иҷрои саривақтии вазифаву уҳдадориҳо ва ҳисси баланди масъулиятшиносии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва падару модаронро дар назди шогирдону фарзандони хеш бештар намуд.

Дар воқеъ, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баргузории чунин озмуни моҳияти таълимиву тарбиявӣ ва маърифатию фарҳангидошта яке аз бузургтарин дастовардҳо ба шумор меравад, ки арзандаи таҳсин ва эҳтирому арҷгузорист. Зеро озмуни мазкур ба миллату кишвар чеҳраҳои зиёди соҳибистеъдодҳоро ба миён оварду муаррифӣ кард.

Дар заминаи чунин ташаббусҳои хирадмандонаи Сарвари давлат пеш аз ҳама мо омӯзгоронро мебояд масъулиятро бештар ҳис карда, роҳҳову усулҳоеро дарёфту истифода барем, ки шавқу завқ ва майлу хоҳиши кӯдакону наврасонро ба китобдӯстиву китобхонӣ бештар ҷалб намоем.

Аз таҷрибаи кории чандисолаи худ ҳамчун омӯзгор, ки хонандагони синфҳои ибтидоиро таълим медиҳам медонам, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ хурд ҳастанду монанд ба варақи сафед. Ҳаргунае, ки мо омӯзгорон дар болои он варақи сафед қалам мебарем, ҳамон гуна дар замири онҳо дарҷ мегардаду ба воя мерасанд. Пас, тарбия кардани хонандагон, хусусан, толибилмоне, ки дар зинаҳои поёнии мактабҳои миёна таҳсил мекунанд, ҳамчун шахсони донишманду бофарҳанг дар ҷомеа ниҳоят шарт ва муҳим мебошад.

Барои расидан ба чунин ниятҳои нек фикр мекунам, ки танҳо бо равона сохтани кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ яке аз роҳҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҳақ бар ҷониби устод Абдураҳмони Ҷомӣ, ки чунин мисраҳои тиллоиро оид ба манзалати китоб рӯи қалам овардаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Зи доноён бувад ин нукта машҳур,

Ки доно бе кутуб доност дар гӯр.

Дар воқеъ, китоб яке аз муъҷизаҳое мебошад, ки дар худ ганҷинаи сухан ва хазинаи илму донишу маърифатро ҷой додааст.  Дар ин бобат низ бузургон чунин фармудаанд, ки: “Китоб дӯсти беҳтарини инсон аст”.

Бояд гуфт, дигар ташаббуси саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 бо мақсади азхудкунии донишҳои замонавӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, баланд бардоштани қобилияти эҷодии онҳо ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан пешниҳод карданд, ки солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад, ба ҳисоб меравад.

Пешниҳоди чунин иқдом масъулияти мо омӯзгор, хусусан, омӯзгорони фанни табиатшиносиро дар назди шогирдон бештар намуд. Ман худ, ки омӯзгори фанни табиатшиносӣ ҳастам кӯшиш менамоям то шогирдони худро дар доираи ин ташаббуси Сарвари давлат зимни дарсҳо бо мавзӯҳои ҷолиб ба табиати биҳиштосоӣ кишварамон ошноӣ созам.

Дар охир чӣ гуфтаниам. Яке аз омилҳои асосӣ, ки дониши ҳар як инсонро баланд мегардонад, ин китобу китобхона мебошад. Китобхона дар ҳама давру замон макони муқаддас, махзани дониш ва маънавиёт ба шумор меравад. Чуноне, ки дар Паёми навбатиашон Роҳбари давлат таъкид намуда, нақши китобу китобхонаҳоро чунин баҳои баланд доданд: “Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шавад, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”. Вобаста ба ин худро масъул медонам ва мехоҳам дар дили кучаки шогирдонам, ки ояндаи давлату миллатанд, донаи меҳрро ҷиҳати рӯ овардан ба китобу китобхона бикораму ба ин васила барои шахсони донишманду саводнок гардиданашон саҳми худро гузорам.

Ғуломова Хайриниссо муаллимаи синфҳои ибтидоии МТМУ №3-и шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg