ДАНҒАРА. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша ва дигарон ба аёдати панҷ нафар ятими кул, ки дар ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода дар як оила зиндагӣ мекунанд, ташриф оварданд.
Масъулин зимни аёдат қайд намуданд, ки ятимон ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд, чунки зери таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин маврид Пешвои миллат ҳамеша изҳор медоранд, ки: “Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифтааст, балки барои ба камол расонидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷӯӣ менамояд”.
Пас аз суҳбати самимон ва шиносоӣ бо шароити зиндагии онҳо ба ин оила маводи хӯрокаи ниёзи аввалия кумак расонида шуд.