ХОВАЛИНГ. Барои расонидани маълумотҳои тиббӣ ба соҳибкорони бозори марказии ноҳияи Ховалинг ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҷалби волонтёрони назди Кумитаи иҷроия дар доираи Аксияи таблиғотӣ таҳти унвони “Саломатӣ гавҳари ноёб аст!” суҳбат намуданд.
Дар суҳбат таъкид гардид, ки талаботи беҳдоштӣ роҳи асосии сироят наёфтан ба ин беморӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад.
Дар суҳбатҳои доирнамуда 50 нафар соҳибкорон иштирок намуда, дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти зарурӣ пайдо карданд.