НОРАК. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 –и шаҳр семинар - машварат бо роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони деҳаю маҳаллаҳо ва фаъолон доир гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо вобаста ба баргузории семинарғмашварати ҳизбӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро бо моҳияти ҷамъомад шинос кард.
Сипас, Миралиён Қиёмиддин зимни суханронии хеш вобаста ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан гуфта, барои дар амал иҷро кардани масъалаҳои марбут ба семинар-машварати дастурдиҳӣ ба шахсони масъул маслиҳатҳои муфид дод.
Инчунин, дар идома раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод дар баромади худ қайд намуд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» фаъолият карда, ҳадафи аслиаш таҳкими пояҳои сулҳу субот дар кишвар ва таъмини зиндагии осуда барои шаҳрвандон аст. Аз ин лиҳоз ҳар як узви ҳизб вазифадор аст, ки барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъати ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро гузоранд ва ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки узви ҲХДТ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан аст.
Дар доираи сафари корӣ Миралиён Қиёмиддин дар якҷоягӣ бо Асозода Дилшод ва Қумриниссо Гулмуродзода ба аёдати ду нафар шахси ниёзманди ҷомеа рафта, зимни суҳбат ба онҳо кумаки модии яквақтаинаи маводиро расонид. Бояд гуфт, ки ин қишри ниёзманди ҷомеа пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби фаъолони ҳизб дастгирӣ меёбанд, ки шоистаи таҳсин мебошад.
Пас аз анҷоми аёдат Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода аз гармхонаҳои сокини шаҳр Абдулло Ёров дидан намуда, барои боз ҳам рушд додани кишти маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва аз он ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ба шахсони масъул тавсияҳои судманд дод.