БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

06 Апрел 2021

ҲХДТ-ҲИЗБИ МАРДУМИСТ

А.ҶОМӢ. Дирӯз маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  таҳти раёсати Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва иштироки бевоситаи узви раёсат, аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон баргузор гардид. 

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ҚУВВАИ БАРҚ БА МАНФИАТИ ҶАМЪИЯТ

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои тарғиботиро оид ба самаранок истифодабарии қувваи барқ,  пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули  «хона ба хона» дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки доир намуданд.

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ВАРЗИШГАР”

ФАРХОР. Санаи 2-апрели соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Варзишгар" маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид.

ТАНЗИМ - БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ!

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Савда” – и Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.

АТОИ ИЛОҲӢ

АНДЕША. Дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаст

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО БО ДАСТОВАРДҲОИ ХУБ ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ

ПАНҶ. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии чумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи иҷтимоӣ» бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур корҳои ободонӣ гузаронида шуд.

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгоҳ”-и ноҳияи Панҷ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои фаъоли он маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти 3 моҳаи аввали соли ҷорӣ гузаронида шуд.

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ!

МУЪМИНОБОД. Дар маркази ноҳияи Муъминобод рӯзи даъватшаванда бо як шукӯҳи шаҳомати хоса баргузор карда шуд.

ПОККОРИВУ СОЗАНДАГӢ ҲАДАФИ АСОСИИ МО

ЁВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз-1”-и Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа барои тозаву озода намудани қабристон ҷиҳати истиқболи  сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» доир гардид.

ВАТАНАМОНРО САРСАБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ!

ДӮСТӢ.  Дар боғи фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегии умумӣ ташкил карда шуд.

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ СУДМАНД ДОИР ГАРДИД

ДӮСТӢ. Дар маркази ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ семинар-машварати дастурдиҳӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳаллаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба аҳамиятнокӣ ва роҳу усулҳои татбиқи аксияҳои ҳизбӣ ва таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода баргузор гардид.

АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмидин Абдусалимзода ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем!" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Бадахшон»-и

СОКИНОН БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД

ДӮСТӢ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо  аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Зафаробод" Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" гузаронида шуд.

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ СЕМОҲАИ ДУЮМ

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Файзи замин" бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 гузаронида шуд.

МАҶЛИСИ РАЁСАТ БО НАТИҶАҲОИ ДИЛХОҲ ДОИР ГАРДИД

ДАНҒАРА.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури Истиқлоли” Донишгоҳи давлатии Данғара маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара баргузор гардид.

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ДЕҲОТ

ДАНҒАРА.  Бо мақсади  иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2019 – 2021 -  ро  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон намуданд.

ПАЁМ – ДАСТУРАМАЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд. Дар ҳама Паёмҳои Пешвои миллат  кулли сохторҳои ҳукумат ва  натиҷаҳои кору фаъолияти онҳо  мавриди таҳлил қарор ёфта, фаъолияти тамоми самтҳои хоҷагии халқ, нақшаву дурнамои онҳо тарҳрезӣ ва вазифагузорӣ карда мешавад.

ХУРД АСТ Ё БУЗУРГ МЕҲАН МЕҲАН АСТ

АНДЕША. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Ишқи Ватан ишқи самимию лабрез аз самимияту дӯстдорӣ ва ифодакунандаи меҳри беолоиш нисбати Ватан-Модари азиз аст. Ватан-модаре, ки дар канору оғӯши гармаш бо ифтихори баланд кас ба воя мерасад.

ҲАДАФИ МО САРСАБЗИЮ ОБОДИИ ДИЁР

ВОСЕЪ. Бо мақсади ободу сарсабз гардонидани як гӯшаи диёр ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксия ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” дар ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ корҳои хуррамгардонӣ гузаронида шуд.

ВОХӮРИИ САЛОМЗОДА СИҶОУДДИН БО КОРМАНДОНИ ҲИЗБӢ

БОХТАР. Дирӯз узви Раёсати Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин аз шароити кории кормандони Кумитаи иҷроия дидан намуда, бо онҳо ҳамсуҳбат шуд.

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

БАЛҶУВОН.  Дар қасри  фарҳанги ноҳияи Балҷувон маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ, муовини  аввали раиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  Мирзозода Исуф, вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои н

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg