ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои тарғиботиро оид ба самаранок истифодабарии қувваи барқ, пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо зиёда аз 280 нафар сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои болозикр ва ниқобҳои муҳофизатиро тақсим карданд.