БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

БАЛҶУВОН.  Дар қасри  фарҳанги ноҳияи Балҷувон маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ, муовини  аввали раиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  Мирзозода Исуф, вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баргузор гардид.

Дар маҷлис натиҷаи фаъолият семоҳаи якуми соли 2021 ва натиҷаҳо барои давраи оянда, натиҷагирӣ аз аксияҳои ҳизбӣ, баррасии фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ баррасӣ гардиданд.

Зимни баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар идомаи маҷлис  раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ миннатдории худро ба аъзои фаъоли ноҳия, ки барои амалисозии ҳадафҳои ҳизб саҳмгузорӣ кардаанд,  баён намуда,  оид ба камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg