БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУРД АСТ Ё БУЗУРГ МЕҲАН МЕҲАН АСТ

АНДЕША. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Ишқи Ватан ишқи самимию лабрез аз самимияту дӯстдорӣ ва ифодакунандаи меҳри беолоиш нисбати Ватан-Модари азиз аст. Ватан-модаре, ки дар канору оғӯши гармаш бо ифтихори баланд кас ба воя мерасад.

Ватан бузургтарин макон ва пояндатарин маскан аст, ки инсонро дар оғӯши худ мепарварад.

Тоҷикистон, Тоҷикистон.
Мекунам шукри каму бисёри my,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори my.

Аз my ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Оре, дар кадом ҳолат дар кадом сатҳу пояе, ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад.
Имрӯз чун як ҷавони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ гардид. Онро марди бузургу дарёдил ва ҷаҳондидаву кордон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Бо заҳмати гарону ранҷи беандозаи ин марди хирад Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст.Тоҷикистон гулистони бехадду канор, маркази нуру маърифат, чаманистони дунёи орзуст. Имрӯз тоҷикон чун миллати номдор, шуҳратманду ҷаҳонгард, маърифатдӯсту тавоноянд.
Хулоса, сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоку гулу гиёҳи ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як ҷавони мехрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор дар ҷаҳон дорам. Насли поки Оли Сомонаму дар дил меҳру муҳаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузурги миллати тоҷикро мепарварам.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg