БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ МО САРСАБЗИЮ ОБОДИИ ДИЁР

ВОСЕЪ. Бо мақсади ободу сарсабз гардонидани як гӯшаи диёр ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксия ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” дар ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ корҳои хуррамгардонӣ гузаронида шуд.

Зимнан маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 1100 бех дарахтони ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки дар ин маъракаи хуррамгардонӣ сокинони меҳнатдӯст фаъолона иштирок намуданд.

Сипас, раиси ҷамоати деҳоти мазкур Неъматзода Ибодулло иброз намуд, ки сокинони ҷамоати А.Рӯдакӣ аксарияташон аъзои фаъоли ҲХДТ буда, пайваста дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми худро мегузоранд ва баҳри ободиву сарсабзии диёри хеш дар оянда низ ҳиссаи худро хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg