ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Савда” – и Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суханронӣ, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки Паём – санади тақдирсоз барои давлату миллати тоҷик буда, пайравӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат вазифаи ҳар як фарди тоҷик мебошад. Ҳамзамон, масъулин дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба хотири сарфакории буҷаи оила ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон ибрози сухан карда, таъкид доштанд, ки танзим ба хонадони ҳар яки мо баракат меоварад ва моро бо шароити хуби зиндагӣ таъмин месозад. Инчунин, дар ин раванд оид ба самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ, ки вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад андешаронӣ карда шуд.