БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОККОРИВУ СОЗАНДАГӢ ҲАДАФИ АСОСИИ МО

ЁВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз-1”-и Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа барои тозаву озода намудани қабристон ҷиҳати истиқболи  сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» доир гардид. Дар аксияҳои ҳизбӣ сокинон ба ҳашари умумӣ баромада, дохил ва гирду атрофи оромгоҳро тозаву озода намуда, инчунин дар даромадгоҳи оромгоҳ  гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинониданд. Ҳамзамон, аз ҷониби шахсони хайрхоҳи ҷомеа, дар ин рӯз барои иштироккунандагони ҳашар дастархони идонаи наврӯзӣ ороста шуда, дар ҳашари баргузоргардида намояндагони ҷамоат, Имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, омӯзгорон ва зиёда аз 300 нафар фаъолон иштирок намуданд.                                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg