БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ

АНДЕША. Имрӯзҳо  дар сар то  сари   кишвар  маъракаи даъвати  ҷавонон    ба сафи  Қувваҳои  Мусалаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон   оғоз   гардида,  Комиссариятҳои  ҳарбии ноҳияро   дар асоси  фармони  Сарфамондеҳи  Олии Артиши  миллӣ  муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон    комисссияҳои даъватиро   таъсис   дода,   даъватшудагонро  аз  ташхиси  тиббӣ     гузаронида  ба қисмҳои  низом     фиристода  истодаанд. Бояд  қайд   кунам,  ки миллати тоҷик  яке аз миллатҳое мебошад,  ки  то ба имрӯз ба сари ягон   миллат ё халқият  шамшер набардоштаасту  намебардорад.  Аммо     баҳри дифои   Ватан   ё халқи худ бояд фидои ва сарсупурда   бошанд. Зеро    ки    аз замонҳои қадим     ин миллати  тамаддунофар    захмҳои вазнини беадолатиро   дидаасту офаридгор, ба ин   миллат бузургию  далериро   ато фармуда, то ба имрӯз     побарҷо мебошад. Артиш,  ки  худ зодаи истиқлолият аст,  аз  рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш   манфиатҳои    миллии     давлати   моро ҳифз    менамояд.  Мо   бояд    бо як  рӯҳу  илҳоми  баланди   давлатдорӣ    баҳри   адои  хизмат    ҷавонону   наврасонро     дар руҳияи   баланди сиёсӣ ифтихор аз  Ватану   ватандорӣ,     нангу   номуси  миллӣ  тарбия   намуда,   ба хизмат   равона    кунем.  Имрӯзҳо  ҷавононе  ҳастанд, ки ихтиёрӣ   ба  сафи артиши   миллӣ    намераванду   волидонашон   садди роҳи   онҳо   мешаванд.   Магар   ин ҳол   ба модару падари  тоҷик   зебанда аст.  Ҳаргиз   чунки    модари   тоҷик   худ   мубориз  асту   аз     қарнҳои    гузашта    ба муқобили душманони    миллат  ҳамроҳи   фарзандони   хеш     ҷангидаанд.    Миллати тоҷик    то ба  имрӯз     бо фарзандони далеру ғаюру  муборизи  худ  ба монанди    Рустам, Сиёвуш,  Куруш,   Спитамен,   Темурмалик,  Восеъ,   Гурдофарид     ва ғайраҳо фахр  намуда,  сар хам  накардааст  ва   намекунад.  Аз ин лиҳоз   моро мебояд  ин Ватанро    дӯст дошта,  ба қадри   табиати биҳиштосояш   ба қадри  ҳар ваҷаб  марзу бумаш   расида,   онро чун   модар   аз ҳама офатҳои  рӯйи  замин   чун гаҳвараки чашм   ҳифз    намоем.  Зеро,  ки  Ватан    низ  муқаддас   аст, чунки  дар хоки  он  ниёгони   мо нуҳуфтаасту   мо эҳтиромашон мегузорем    бояд  гузаштагони  худро донем. Рӯзи даъват  бароямон  бисёр хотирмон   гузашт,   зеро ки   дар ин рӯз   аксари модарону волидони  даъватшудагон   дар  рӯзи  гусели   ҷигарбандонашон   омада,   бо як  тантанаю    хурсандӣ   фарзандони хешро  баҳри   адои хизмати     Ватан- Модар    ширкат намуданд.   Тантанаи  гусели   даъватшудагон    нишон  медиҳад, киҷавонони    имрӯзаи    мо марҳила ба марҳила   ҳисси   баланди миллӣ пайдо   карда,  ихтиёран   ба Комиссариатҳои  ноҳия ҳозир   шуда истодаанд,  ки   нисбати   солҳои  қаблӣ соҳибистиқлолият   боиси   ифтихор  аст.  Имрӯзҳо бояд  дар муассисаҳои таълимии  мамлакат   дарсҳои   омодагии  дифоъро   тарзе    бояд  ба роҳ   монд, ки  хонандагон    бо ҳисси    баланд аз ифтихори   Ватану ватандорӣ  тарбия   ёфта,   сарсупурдаи  ин миллату  давлат бошанд.  Натиҷаи  корҳои фаҳмондадиҳӣ буд, ки   нақшаи    иҷрои  даъват  дар ноҳия    дар як рӯз  таъмин  карда шуд,  аз иҷрои   он ҳисобот   доданд. Дар баробари   амалӣ шудани  тағйиру  иловаҳо   бо  қонуни   даъватшаванда   тавваҷуҳи   ҷавонон    ба хизмати  ҳарбӣ   ба куллӣ тағйир  ёфта истодааст.        

          Ҳама   сар ба  сар   тан  ба куштан  диҳем, 

         Аз он  беҳ, ки кишвар  ба   душман    диҳем.

Каримзода  Пирмуҳаммад Афғон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg