Н.ХУСРАВ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, шеърдӯсту китобхон, тарғибу ташвиқи озмуни ҷумҳуриявии « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», миёни хонадагони муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, кормандони фарҳанг ва сокинон пайваста озмуни мазкур мавриди баргузорӣ қарор дорад.
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроия бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи № 26 ва ҳамчунин байни волонтёрони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ҳамчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ дар байни наврасон озмуни мазкурро баргузор намуданд.
Ҳакамон аз байни иштирокдорон 3 нафар хонандагони болаёқатро сазовори ҷойҳои фахрӣ эълон карда, барои иштирок ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд.
Корҳои фаҳмондадиҳии шартҳои озмунҳо, талабот, ҷоизаҳои озмунҳо, ҳавасмандгардонии баргузории даври аввали озмун байни омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дар байни кормандони фарҳангу дигар табақаҳои аҳолии ноҳия бо маром идома дорад.