БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА МАСЪАЛАҲОИ МЕТОДОЛОГИИ ОМӮЗИШИ ОН

АНДЕША.  Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад.

Аксари ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.

Равандҳои сиёсии имрӯза ва ҳодисаҳои охир нишон дода истодаанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба минтақаи Осиёи Миёна терроризм ва экстремизми байналмиллалӣ таҳдид карда истодааст.

Терроризм чист? Агар саволи мазкурро баррасӣ намоем, дар луғатҳои тафсири бо якчанд вожа дар гӯиши инсони муосир мавриди истифода қарор ёфта, вомехӯрем.

Дар таҳқиқоти олимони тоҷик ва ҷаҳон “Террор” чуноне, ки қайд кардем ҳамчун тарсондани рақиб таввасути ҷазодиҳии ҷисмонӣ, то ба марг расондан фаҳмида мешавад ва терроризм бошад амали террор дониста шудааст.

Фаъолияти террористон доимо ба куштор алоқаманд нест, аммо амалкарди онҳо аз худ доимо таҷовуз ва хаттарро инъикос менамояд.

Аз нигоҳи мақсад низ террор фарқ менамояд, аз ҷумла дар ин самт чанд намуд маълуманд:

1. Халалдоррасонӣ ва таъсири худро  ба шахс ё мақомоту давлати ҷудогона расонанд;

2.Тавассути ташкил намудани гурӯҳи террористӣ ғасб намудани ҳокимият;

3.Амали террористӣ инчунин ба хотири ҷорӣ намудани мафкураи маънавӣ содир мешавад.

Аз ин лиҳоз, он гурӯҳҳое, ки манфиатҷӯ ҳстанд террористонро  ватанхоҳ, мубориз барои дин ва озодӣ ва мухолифин низ дониста, ҳатто  аз натиҷи фаъолияти онҳо фоида мебаранд. Ин намуди мисолҳодар ҷаҳони муосир хеле зиёданд. Ба ин гуна аз гурӯҳҳои террористӣ истифода намудани  давлатҳои абадқудрат дар низои Либия ва Сурияву Ироқ барин давлатҳои  мусулмонӣ, мисол шуда метавонанд.

Терроризм ҳамчун дар намуди харобкорӣ ва кӯшиши вайрон намудани ягон объект: тайёра, биноҳои маъмурӣ, хонаҳои зист, киштиҳои обӣ ва ғайра низ истифода менамояд. Яке аз воситаи ба мақсад расидани террористон ин истифода намудан аз тарсу воҳима, ҷорӣ намудани фазои таҳлуқа ва таҳдид ба бехатарии шаҳрвандону давлат мебошад.

Амалҳои террористӣ дар ин маврид бар зидди одамон, ҳамчун шахсият, ҷосусон ва намояндагони ҳукумат, ки барои ба мақсад расидан ба ин гурӯҳҳо халал мерасонанд, равона шудааст.

Раҷабализода Ҳокималӣ Раҷабалӣ,  мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg