БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ТАРТИБ ОВАРДАНИ ОРОМГОҲҲО –ПОС ДОШТАНИ ХОТИРАИ ГУЗАШТАГОН АСТ

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Носири Хусрав  бо  мақсади  пос доштан ва  эҳтиром гузоштан ба  насли  калонсолу  гузашта, эмин  нигоҳ  доштану   ҳифзи   оромгоҳҳо ва  тарбия  намудани  насли  наврас дар  руҳияи анъанаҳои  неки  миллиамон  ҳар рӯзи  якшанбе  аксия  «Рӯзи  ёдоварӣ»   бо  ҷалби  аъзо  ва  ҷонибдорони  ҳизб  дар қабристонҳои  деҳаҳои  ноҳия  баргузор  мегардад.

Ин  навбат дар  қабристони деҳаҳои Арабхонаи Ҷамоати  деҳоти Истиқлол бо иштироки  васеи  сокинон  Аксияи  «Рӯзи  ёдоварӣ»  баргузор  гардида,  гирду  атофи  оромгоҳ тоза  карда  шуда, панҷараҳои  атрофи   кабристон рангубор  карда  шуданд.

Дар баргузории   амалиёти умуминоҳиявии  «Рӯзи  ёдоварӣ»  зиёда  аз  2 ҳазор  сокинон дар  ҳашари  дастачамъона иштирок намуданд.

Намояндагони ҳизбӣ, аъзои  Ситоди ноҳиявии «Рӯзи  доварӣ"  ба  мардум  фаҳмониданд, ки    анъанаҳои  неки  ниёгон  боиси тақвият  ёфтани  дӯстиву  рафоқати мардум  ва  хайрхоҳию пос  доштани башардӯстиву некандешӣ нисбати  насли  калонсолу гузашта ва  дар  рӯҳияи  одобу  маданияти баланд  тарбия  кардани  насли  ҷавон  мебошад. Миллати  тоҷик   бо  пайравӣ   аз анъанаҳои  миллӣ  ва  урфу  одатҳои  наҷибаш  соҳиби  ҳурмат  ва  эҳтироми  оламиён гаштааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg