![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/177801066_953484555464091_1655998364340831943_n.jpg?itok=7fLO6JqV)
ВАХШ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Вахш, ҳамзамон иҷроиши дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб, бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, курси омӯзиширо барои ҷавонон зери унвони «Созандагони Ватан» рафта истодааст. Дарси навбатии курси мазкур дар толори Кумитаи иҷроия гузаронида шуд.
Мавзуи дарси навбатӣ «Нақши ҷавонон дар пойдории сулҳу субот ва рушди устувори кишвар» буда, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ф.Қосимов гузаронида шуд.
Инчунин, ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» ва 110- солагии аллома устод Мирзо Турсунзода андешаронӣ карда шуда, иштирокдорон аз чорабинии доиргардида, таассуроти нек бардоштанд.