ПАНҶ. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замини назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ шанбегӣ таҳти унвони «Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон» доир гардид.
Дар шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи корхона аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия алафҳои бегонаро тоза намуда, гулҳо ба тартиб дароварда шуда, дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ тоза карда шуд.