БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН-ПАРЧАМБАРДОРОНИ ДАВЛАТ

АНДЕША. Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бардхурдҳо буда, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст.

Мутаасифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкори худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷаҳон 500 ташкилоти террористиву экстремистӣ арзи вуҷуд дорад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст, ки яке аз ин ташкилотҳо ҳизби наҳзати ислом мебошад. Бинобар ҳамин сабаб аъзои фаъоли ин ташкилоти террористӣ ҳоло дар давлатҳои хориҷа қарор доранд. Онҳо аз гуноҳҳои кардагиашон, ки солҳои 1991 то 2015 кардаанд, дар назди қонун бояд ҷавоб гӯянд. Аз ҳамин сабаб онҳо аз ҷавобгарӣ тарсида, ба Ватани худ баргаштанро фаромӯш кардаанд. Муҳаммадиқболи Садриддин худ аъзои фаъоли ин ташкилот буда, дар Афғонистон таълими динӣ гирифтааст. Онҳо ба мақсади ноором кардани Тоҷикистон аз тамоми дуруғгӯиҳо ва туҳмату буҳтонҳо рӯй намегардонанд. Аъзои ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати ислом, ки номи худро “Паймони миллии Тоҷикистон” мондаанд, фақат ба як мақсад амал мекунанд, дигар кардани сохти давлатдории тоҷикон. Омилҳои мусоидаткунандаи терроризму экстремизм агар аз як тараф бархурди манфиатҳои давлати абарқудрат бошад, аз ҷониби дигар осебпазир будани афкори ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб мо ҷавонону наврасон маслиҳат медиҳем, ки ба овозаю дарвозаҳои онҳо бовар накунанд.

Ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ваъдаи бардурӯғи пуливу молӣ мебошад. Бинобар ин сабаб ҷавонони ҳозираи мо бояд ба ҳавою ҳавас дода нашуда,  ба суханони Муҳаммадиқбол барин одамон эътибор надиҳанд.

Аз ҷониби Пешвои миллат дар Паёми имсола омадааст, ки “хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштаанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар ба тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд,ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил диҳанд”.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони ба нангу номуси мо инро набояд фаромӯш кунанд ва ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Фаъолияти чунин равандҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мо низ дар навбати худ ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат бошем. Бояд талош варзем дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҷидду ҷаҳд намуда, онҳоро ҳимоя намоем.

Бахусус ҷавонону наврасон пайваста хондан ва тарғиб намудани асарҳои таърихии гузаштаи тоҷикон “Шоҳнома” –и Фирдавсӣ, “Тоҷикон” –и академик Бобоҷон Ғафуров, ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” –и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсия карда мешавад.

Баргузории озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ҷалб кардани ҷавонону наврасон ба китобхонӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангии онҳо мебошад.

Ҳадафи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баргузор кардани ин озмунҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ҷавонони мо дар рушди тамоми  соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ-ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ кардани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Аз ин рӯ мо боварии комил дорем, ки ҷавонони мо ҳеҷгоҳ фирефтаи душманони давлату миллат нахоҳанд гашт.    

Сайдалиев Гадоӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg