БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – МУАРРИФГАРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

ВАХШ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони халқи тоҷик устод Мирзо Турсунзода, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, конференсияи илмӣ-адабӣ доир гардид.

Дар Конференсия мазкур роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону шогирдон ва аҳли қалами ноҳияи Вахш иштирок намуданд. Дар кори ин Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов суханронӣ намуда, қайд кард, ки аллома М. Турсунзода яке аз шоирони муосири тоҷик буда, хизматҳои арзандаашро Ҳукумати мамлакат ба инобат гирифта, соли 2001 ба ӯ унвони Қаҳрамони халқи тоҷикро доданд.

Инчунин, омӯзгорону аҳли қалам дар бораи фаъолияту эҷодиёти ин шахсияти бузург қиссаҳо намуданд ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бошанд аз ашъори М. Турсунзода шеъру ғазал, рӯбоиву достон қироат намуда, ба ин чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg