БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

22 Апрел 2021

ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОД- 2021

ШАҲРИТУС. Бо иштироки кормандони   Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус соати сиёсӣ дар мавзӯи “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод- 2021” дар як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аз он ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ва Ҷамоати деҳоти Обшорон  бо иштироки собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷавонону фаъолон  ва дигар шахсиятҳои расмӣ суҳбатҳо баргузор гардид.  Масъулин да

НУКТАҲОИ ПАЁМ ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД

Н.ХУСРАВ.  Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷиҳати  шарҳу  тавзеҳи нуктаҳои  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамарӯза  миёни мардум  корҳои фаҳмондадиҳиро  ба роҳ монда истодаанд.  

САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН–ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Н.ХУСРАВ.  Бо мақсади   афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам ва наздиҳавлигию президентӣ  дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Ховалинг  ва дастгирии ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, дар деҳаи Лоҳутӣ  бо иштироки васеи ҳизбиён ва ҷонибдорони ҳизб аксияи ҳизбии ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан,  ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” гузаронида шуд.

БУЗУРГОНИ ИЛМУ АДАБИ ФОРСУ ТОҶИК ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РУШДИ ТАМАДДУН ВА ИЛМИ ҶАҲОН

ФАРХОР. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дарси навбатии курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и Ҷамоати шаҳраки Фархор баргузор карда шуд.

ТЕРРОРИЗМ ДУШМАНИ ИНСОНИЯТ ГАШТААСТ

ВОКУНИШ.  Калимаи террор ё терроризм, ки имрӯз дар воситаи ахбори омма ва матбуоти муосир хеле зиёд вомехӯрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад.

ҶАВОНОНУ НАВРАСОН ДАР ТАҲЛИЛИ СИЁСАТИ ҶОМЕА

АНДЕША. Дар давоми солҳои охир соҳаи илму маориф рушд намуда, то рафт дар он пешравӣ дида мешавад. Умуман агар назар афканем аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 - иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300  ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН МАНФИАТОВАР АСТ

НОРАК. Дирӯз бо ташабуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак дар деҳаҳои Лангар  ва Дӯстии халқҳои ҳудуди минтақаи манзилии №2 вохӯрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД…

АНДЕША. Соли 2021 барои мардуми сарбаланди кишвар як соли шукуфоӣ, пешрафт, соли бузургдошти рӯйдодҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ ва истиқболи ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ПАЙРАВӢ БА ФАРҲАНГИ БЕГОНА НОРАВОСТ

ВОКУНИШ. Ташкилотҳои  ифротӣ, аз ҷумла аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба моҳияти пӯшидани сатру ҳиҷоб аз ҷониби занону бонувони тоҷик ҳар гуна суханони иғвогаронаро  паҳн менамоянд, ки ҳадаф  аз ин ҳама  динситезӣ  аз тарафи онҳо   халалдор сохтани сулҳу субот ва оромӣ дар Тоҷикистон ва амалӣ намудани амалҳои ғаразонаашон мебошад.

АҶАБ, ШАҲРИ ДИЛОРОӢ ДУШАНБЕ…

АНДЕША.  Душанбе  шаҳри зебо ва калонтарини тоҷикон буда, имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Ҳамаи мо медонем, ки Душанбе  пеш аз инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолӣ буд. Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорҳои калони хариду фурӯши мол маълуму машҳур буд.

ТАЪМИНИ ШАРОИТИ ХУБ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

КӮЛОБ. Бахшида ба таҷлили сазовори  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии саноатӣ-кишоварзии шаҳри Кӯлоб якчанд намуди таҷҳизотҳои текникӣ тақдим гардид, ки оянда дар рафти машғулиятҳои амалӣ ба кор бурда шуда,  барои дар дар сатҳи баланд омода намуд

СОҲИБКОРОН ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ ОБОДКОРӢ САҲМИ НАЗАРРАС МЕГУЗОРАНД

КӮЛОБ. Бахшида ба  таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ - Тоиров Баҳриддин дар ҷамоати  деҳоти Даҳанаи шҳри Кӯлоб  бунёди  як “Маркази саломатӣ”  идома дошта, то рӯзи ҷашн сохта ба истифода дода мешавад.

ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ

АНДЕША. Хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар сокини бонангу номуси кишвар аст.  Ҳар як ҷавонмарде, ки ифтихор аз  ватандорӣ дорад, Ватани худ, модари худро дӯст медорад ва мехоҳад, ки фарзандон ва аҳли оилааш дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад, бояд марзу буми Тоҷикистонро  чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

РӮ БА СӮИ МУҲОҶИРАТ

АНДЕША. Пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1997 вазъияти кишварамон ба куллӣ дигар шуда буд. Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба хушию хурсандӣ, дар фозои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бо дастурхони пур аз нозу неъмат умр ба сар мебурданд. Беморие бо номи коронавирус, ки соли 2019 дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, аз як тараф ба иқтисоди давлатҳо аз тарафи дигар шароити зиндагии сокинони тамоми сайёраро хелоҳам вазнинтар сохт.

ҶОМЕАРО ДАР ЯКҶОЯГӢ ПЕШ МЕБАРЕМ

ДӮСТӢ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои “Шӯро” ва “Сомониён” маҷлис барпо гардид.

БА ИСТИҚБОЛИ 110 – СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ДАНҒАРА.  Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар бахшида ба 110- солагии шоири сулҳпарвар, қаҳрамони Тоҷикистон  устод Мирзо Турсунзода маҳфилҳои илмӣ – адабӣ, чорабиниҳои тантанавӣ ва озмунҳо миёни толибилмону донишҷӯён баргузор гардида истодааст.

МИЗИ МУДАВВАР БО ФАЪОЛЗАНОНИ ҲИЗБӢ

ДАНҒАРА.  Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  - шаҳри Душанбе  миёни занони фаъоли ҳизбии ноҳияи Данғара  мизи мудаввар баргузор гардид.

ДУШАНБЕ ДАР ДИЛИ МО, МЕҲАНИ МО, ДУШАНБЕ-ШАҲР – ШАҲРИ ДАР ДИЛАМ ҶО

ВОСЕЪ. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи пойтахт-шаҳри Душанбе калонсолону ҷавондухтарон кӯдакону наврасон либосҳои идона бар бар карда, ба сайру гашти боғу гулгаштҳо баромаданд.

ҶАЛБИ ФАЪОЛОН БА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

ВОСЕЪ.  Оид ба масъалаҳои  коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қоидаҳои санитарию беҳдо

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ МОСТ!

ВОСЕЪ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб бо фаъолони Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки корм ҲХДТ дар ндони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ гузаронида шуд.

МИЗИ МУДАВВАР БО ҶАВОНОН

ВАХШ.  Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи пойхати Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, силсилаи чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ баргузор гашта истодааст. 

ДУШАНБЕ - МАРКАЗИ УМЕДУ АРМОН

ВАХШ. Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар асоси дарстуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ва иҷрои бандҳои нақшаи кори шуъба корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бо аъзоёни намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинон ба роҳ мондааст.

ОЗМУНИ ИНШОН БЕҲТАРИН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

БОХТАР. Дирӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шҳари Бохтар ба номи Мирзо Турсунзода озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода шоири қаҳрамон- вассофи сулҳу ваҳдат” миёни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр доир гардид.

ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР...

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чи гуяд, адо мекунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg