БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮ БА СӮИ МУҲОҶИРАТ

АНДЕША. Пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1997 вазъияти кишварамон ба куллӣ дигар шуда буд. Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба хушию хурсандӣ, дар фозои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бо дастурхони пур аз нозу неъмат умр ба сар мебурданд. Беморие бо номи коронавирус, ки соли 2019 дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, аз як тараф ба иқтисоди давлатҳо аз тарафи дигар шароити зиндагии сокинони тамоми сайёраро хелоҳам вазнинтар сохт. Ҳамагон медонем ва огаҳ ҳастем, ки ҳамасола зиёда аз як миллион шаҳрвандони мо барои таъмини ризқу рӯзии оила ва беҳтар намудани шарту шароити зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати Россия мерафтанд. Аммо аз вазъияти баамаломада, яъне хуруҷи ногаҳонии бемории коронавирус ва якбора баста шудани роҳҳои ҳавоӣ ва дигар роҳҳои ҳиҷрат, вазъияти шаҳрвандонамонро ба куллӣ дигар сохт. Лекин ин ҳодиса на танҳо дар давлати мо, балки тамоми давлатҳои дунё барои гирифтани сари роҳи ин беморӣ рафтуомадашонро қатъ намуданд. Дар натиҷа имрӯз вазъият хелоҳам хуб ба назар мерасад, зеро ҳам рафтуомад ба аксари давлатҳо ва ҳам сироятёбӣ ба бемории коронавирус кам мушоҳида мешавад.    

Давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани бемории сироятӣ бетараф набуда, ҳамеша дар ҳама гӯшаю канори кишварамон корҳои безараргардониро  гузарониданд. Ҳамзамон, барои шахсони сироятёфта ва табибоне, ки бо ин беморӣ дар он шабу рӯз мубориза мебурданд, кумакҳои ҳамаҷониба расонида шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми имсолаашон ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки имрӯз мо бояд шукрона кунем, ки дар дохили кишвар ягон нафар гирифтори бемории сироятии коронавирус надорем. Ин мужда дилу дидаи мардумро боз ҳам кушод ва барои зиндагии шоиста умеди тоза бахшид. Имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат роҳҳои ҳавоӣ бо бархе аз давлатҳо кушода шуда, дар як ҳафта ба чандин шаҳрҳои Россия метавон сафар кард.  Моро лозим аст, ки саросема нашуда мунтазири боз ҳам хубтару беҳтар шудани вазъият бошем, зеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тамоми чораҳои заруриро меандешад.                                                                       

Ҳамдиёрони азиз, имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки дар тамоми нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо  сокинони кишварамон аз саҳар то бегоҳ гурӯҳ-гурӯҳ шуда интизорӣ мекашанд то ҷипта  бихаранд. Аммо намедонанд, ки якбора ба ҳама чипта таъмин карда намешавад, зеро дар як ҳафта фақат ду -се ҳавопаймо метавонад ба шаҳрҳои гуногуни Россия парвоз кунад. Ин амали мову Шумо сабаби баланд шудани нархи чиптаҳо мегардад. Аксарият шаҳрвандони мо ба  маблағи зиёда 15-17 ҳазор сомонӣ билет харида, ба дилхоҳ шаҳрҳои Россия рафта истодаанд. Чаро дурусттар намеандешем, охир дар ин қадар маблағ як соли дигар метавонем дар беҳтарини шароит зиндагӣ кунем. Биёед, сабур бошем, зеро ки беҳтарин бандагон сабркунандагонанд. Муҳоҷират аз аввали пайдошавии дунё буд, то абад хоҳад монд. Ҳатто дар замонҳои Паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам, ки беҳтарин инсон дар рӯи замин буданд, аз Макка ба Мадинаи Мунаввара ҳиҷрат карданд ва ҳангоми ҳиҷраташон босабру ботаҳаммул буданд.        Ҳамагон хуб медонем ва дарк мекунем, ки дар кишвари мо бо гирифтани музди меҳнати як корманд дар оила зиндагиро пеш бурда намешавад. Зеро, ки нарху наво дар бозорҳо хело ҳам боло рафтааст ва бо маоши як корманд, ки тақрибан 700-1000 сомонӣ  маош мегирад,  ҳатто ба ду халта орд ва 10 литр равған ҳам намерасад. Аз Худованд мехоҳем, ки барои тамоми соҳибкорону савдогарон дар моҳи шарифи Рамазон инсофу имони комил диҳад ва барои баракат ёфтанашон аз мол бояд хайру садақотро дар ин моҳ зиёд намуда, ба хотири аҷру подош гирифтан, нархи маводҳои ғизоӣ ва дигар намуди молҳоро арзон намоянд.                                                              

Ва ба шахсоне, ки сафари муҳоҷират доранд гуфтаниям, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил нашуда, баҳри зиндагии шоиста камари ҳиммат банданд ва барои таъмини оила бо меҳнати ҳалол кору фаъолият намуда, Тоҷикистони азизи моро ҳаргиз фаромӯш накунанд!

Нозиров Хайём,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg