КӮЛОБ. Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ - Тоиров Баҳриддин дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шҳри Кӯлоб бунёди як “Маркази саломатӣ” идома дошта, то рӯзи ҷашн сохта ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин, дар баробари бунёди маркази саломатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ - Зайниддинов Саймурод корҳои сохтмонии роҳҳои назди қасри фарҳанги ҷамоати болозикр идома дошта, дар назар аст то рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода шавад.
Бояд гуфт, ки соҳибкорони маҳаллӣ пайваста аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, дар ободию пешрафти як гӯшаи диёр саҳми назарраси хешро мегузоранд.